АМРУ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАСТУРАМАЛ ВА САРМАШҚИ КОРУ АМАЛИ ХИЗМАТИИ МО – СУДЯҲО МЕБОШАД

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ!

“… Таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишави санадҳои қонунгузориро гузаронида, сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсӣ пешбинигардида муайян намояд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокӣ раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд. Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъи онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшави ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад….”

Эмомалӣ РАҲМОН

АМРУ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАСТУРАМАЛ ВА САРМАШҚИ КОРУ АМАЛИ ХИЗМАТИИ МО – СУДЯҲО МЕБОШАД…

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 22 — уми декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии мамлакат ирсол гардид, аз ҷумлаи санадҳои сарнавиштсози ҷомеаи муосири мо ба ҳисоб рафта, тамоми соҳаҳои мамлакатамонро дар худ инъикос менамояд ва кулли ҷанбаъҳои хоҷигии халқи ҷумҳуриро дар бар мегирад.

Маълум аст, ки бидуни фаъолияти муназзами ҳокимияти судӣ рушди устувори ҷомеа ва идораи муназзами давлат имконнопазир аст. Бо назардошти ин нуқта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво ва таҳлиливу воқеъбинонаи хеш дар мулоқот бо кормандони мақомоти судии мамлакат ҳанӯз санаи 21 — уми декабри соли 2019 зикр намуда буданд, ки «вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои де­мократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳукуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими конуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад».

Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми хеш аз ҷумла, ба мақомоти бахши ҳуқуқ, судӣ ва дар умум, мақомоти қудратӣ, масъулину мутасаддиёни ин бахш чунин таъкид намуданд: «… Таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мони­торинги амалишавии санадҳои қонунгузориро гузаронида, сатҳи мутобиқати конунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд. Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад…».

Воқеан ҳам, ҳаққи гапро мебояд гуфт, ки мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар асоси меъёрҳои муқарраркардаи Конститутсия ва санадҳои қонунии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин ҷода масъулияти хос ва рисолати муҳимро ба зимма дошта, бо баррасии босалоҳияти парвандаҳои судӣ қонунияту адолатро бо такя ба ҳарфу ҳиҷои қонун комилан таъмин менамоянд.

Сарвари муаззами давлат нисбати то кадом андоза муҳим ва ҳалкунанда будани нақши судҳо дар баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон зимни доир намудани мурофиаҳои судӣ чунин муҳокимарониҳои дурбинонаи хешро баён доштанд: «…Судяҳо ҳуқуқ надоранд, ки ба хатоӣ роҳ диҳанд…» ва ин гуфтаҳои Роҳбари маҳбуби давлат як навъ ҳушдорест, ки бояд аз рӯи он мо — кормандони мақомоти судӣ бояд кору амалу фаъолият намоем.

Аз дигар лиҳоз, рӯирост бояд иброз бидорам, ки амру дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бояд ба маромномаи касбии мо — судяҳо табдил ёфта, ба сармашқи кору амали хизматии масъулину мутасаддиёни тамоми бахшу ҷодаҳо қарор бигирад…

Мо ҳамеша ҷонибдори сиёсати оқилонаю заковатмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳастем ва дар атрофи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон содиқонаю ҷавонмардона боз ҳам муттаҳидтар хоҳем гашт.

Файзуллозода Саидаъзам Ҳамид,

судяи Суди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон