Қарор бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қ А Р О Р

11 хх соли 202х ноҳияи Айнӣ

Раиси суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд Маруфзода Н.Н., бо котибии Шомуродов Ш.З., бо иштироки прокурор Имомзода Н.Х дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба
Ё.Х.Х, санаи таваллудаш 23 ххххх, зодаи ноҳияи Айнӣ, миллат тоҷик, оиладор, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, истиқоматкунандаи ноҳияи Айнӣ, Ҷамоати деҳот А, деҳаи З.
— бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода,
м у а й я н к а р д:
Ё.Х.Ҳ. бо ҳамсараш Д.М., ақди никоҳи қонунӣ дошта, аз зиндагии якҷоя ҳамсараш 14 ххххх дар таваллудхонаи Беморхонаи марказии ноҳияи А тифли ҷинсаш занро таваллуд кардааст, ки номбурда ҳамчун парастор ва намояндаи қонунии ноболиғ ба фарзандаш то инҷониб шаҳодатнома дар бораи таваллудро нагирифта, таваллуди фарзандашро аз қайди сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нагузаронидааст, ки дар ин хусус нисбат ба падар – Ё.Х.Ҳ. аз тарафи прокурори ноҳияи Айнӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Дар маҷлиси судӣ ҳуқуқвайронкунанда Ёров Х.Ҳ. ба гуноҳи худ иқрор шуда, сидқан пушаймонӣ изҳор кард ва баёнот дод, ки дар ҳақиқат ҳамсараш санаи 1 декабри соли 20хх дар таваллудхонаи Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ тифли ҷинсаш занро таваллуд кардааст. Ӯ зиёда аз нуҳ моҳ мешавад, ки ҳамчун парастор бо сабаби надонистани талаботи қонунгузорӣ ва дар Федератсияи Русия қарор доштанаш ба фарзандаш имконияти сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллудро пайдо накардааст. Бинобар он, аз суд хоҳиш кард, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Маводи парвандаро таҳқиқ намуда, бо назардошти хулосаи прокурор Имомзода Н.Х., ки таъини ҷазоро дар намуди ҷарима имконпазир шуморид, суд ба чунин хулоса омад:
Аз қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз х октябри соли 2023, ки аз тарафи прокурори ноҳияи Айнӣ оғоз карда шудааст, маълум мегардад, ки ҳуқуқвайронкунанда Ё.Х.Ҳ. ӯҳдадориҳои тарбиявии худро нисбат ба фарзанди ноболиғаш, ба таври бояду шояд ба иҷро нарасонидааст, ки ин кирдори ӯ аз мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шаҳодат медиҳад.
Судя кирдори содир кардаи ҳуқуқвайронкунанда Ё.Х.Х., бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгари маъмуриро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ инчунин шахсе ки дар асоси шартнома кудакро тарбия мекунад, иҷро накардани ӯҳдадориҳои парасторӣ, тарбиявӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон ҳангоми набудани аломати ҷиноят, банду баст менамояд.
Санксияи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди огоҳӣ ё ҷарима ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ кардааст.
Ҳолатҳое, ки тибқи моддаи 49-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурии Ё.Х.Ҳ.-ро сабук мекунад ин сидқан пушаймон шудан ва бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад.
Ҳолатҳое, ки тибқи моддаи 50-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурии Ё.Х.Ҳ.-ро вазнин мекунанд, дида намешавад.
Бо дарназардошти ҳолатҳои болозикршуда, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда ва вазъи молу мулкии охирон, судя ба мақсад мувофиқ мешуморад, ки нисбат ба Ёров Х.Ҳ. дар доираи санксияи моддаи мазкур ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шавад.
Бо дастрасии моддаҳои 140, 141, 142 ва 150 КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси суд, —
қ а р о р к а р д:
Ё.Х.Х., бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 204 (дусаду чор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад.
Аз болои қарор дар муддати даҳ шабонаруз тавассути ҳамин суд ба суди вилояти Суғд шикоят ва эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

РАИСИ СУД МАРУФЗОДА Н.Н.