КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
6 ноябри соли 1994 ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда дар таърихи навини давлатдории кишвари азизамон бо рангҳои заррин сабт мегардад. Зеро ин рӯз ҳамчун марҳилаи нави низоми давлату давлатдорӣ, поягузории муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии кишварамон мебошад.
Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати қонуни олии кишвар қабул гардид.
Конститутсия ҳамчун қонуни олии давлат муайянкунандаи мазмун ва муҳтавои ҳамаи қонунҳои амалкунандаи он мебошад, такягоҳи мустаҳками қудрати сиёсӣ ва кафолатдиҳандаи ҳадду ҳудуди салоҳияти мақомоти давлатӣ аст. Гузашта аз ин, Конститутсия оромию суботи ҷомеа, ваҳдати сиёсӣ ва назму низомро дар ҳудуди давлат, барқарории адолат ва кафолати амниятро таъмин мекунад.
Маҳз ба ҳамин маънӣ Конститутсияи Тоҷикистон вазифаи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоиро ҳамчун мароми халқи Тоҷикистон муқаррар намудаст.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва такдирсози миллат буда, он истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни олии кишвар сабт намуда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муқаррар кард.
Аз таърихи начандон дури раванди таҳия ва қабули Конститутсия муайян мегардад, ки ҳанӯз 23 августи соли 1990 Шӯрои Олии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» қарор қабул намуда буд, аммо ба комиссияи мазкур муяссар нашуд, ки дар ин замина кори назаррасеро анҷом диҳад.
Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва эълони истиқлолияти давлатии собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ, қабули Конститутсия ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯз табдил ёфт. Зеро бе Конститутсияи нав, ки муайянкунандаи роҳи рушду такомули минбаъдаи ҷомеа мебошад, комёб шудан ба ин мақсад ғайриимкон буд. Бо дарназардошти ин воқеият ҳанӯз дар ибтидои соли 1992 аз ҷумлаи аъзои Комиссияи таҷдидёфтаи конститутсионӣ, гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия таъсис ёфта буд. Гурӯҳи корӣ лоиҳаро таҳия намуд, аммо оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар имкон надод, ки лоиҳаи таҳияшударо мардуми Тоҷикистон муҳокима ва қабул кунанд.
Бо барқарор шудани сохти конститутсионӣ дар кишвар масъалаи таҳия ва қабули Конститутсия дубора мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иқдоми ҷиддии навбатӣ дар роҳи таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Иҷлосияи ҳабдаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1993 «Дар бораи комиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид, ки тибқи он ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон иҷлосия зарурияти ин корро чунин шарҳ дода буданд: «Муҳимтарин ҷиҳати ин вазифа то сатҳи юридикӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадбирҳои универсалии онҳо баланд бардоштани қонунгузории давлатист. Аз ин ҷиҳат мо ба хулоса омадем, ки системаи ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни асосиамон аз кӯмаки машваратии ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ истифода барем».
Бо дарки воқеияти таърихи сиёсии кишвар ва аҳамияти Конститутсия дар таъмини суботу устувории ҳаёти ҷомеа муқаррар гардид, ки лоиҳаи Конститутсияи нав ба муҳокимаи халқ бароварда шуда, он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад.
Ташкили дурусти кори Комиссияи конститутсионӣ бо роҳбарии хирадмандона ва бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаҳои он ба таври васеъ, дақиқ ва якчанд дафъа баррасӣ шудани лоиҳаи Конститутсияи нав, ба муҳокимаи мардум пешниҳод гаштани лоиҳаи мувофиқашудаи он ва ниҳоят аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия, баёнгари раванди демократии таҳия, муҳокима ва қабули ин санади такдирсоз буд.
Бо дарназардошти нақш ва мавқеи Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад».
Аз ин рӯ аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар дар сатҳи конститутсионӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд. Ин меъёри воқеан демократӣ дар моддаи 9 Конститутсия ба таври зайл муқаррар карда шудааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».
Баъди қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сари вақт таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва амалан татбиқ намудани талаботи Конститутсия оид ба таҳкими рукни судии ҳокимияти давлатӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти судии кишвар супориш доданд, ки лоиҳаҳои қонунҳоеро таҳия намоянд, ки онҳо ба талаботи замон ва қолабҳои байналмилалии марбут ба рушди низоми судӣ мувофиқ бошанд.
Бо мақсади иҷрои супориши Сардори давлат соли 1995 якчанд қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти судии кишварро таҳти танзим қарор медоданд ва таҳияи онҳоро худи Конститутсия пешбинӣ карда буд, қабул гардиданд. Инҳо қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи сохтори судҳо» буданд.
Сипас бо мақсади танзими якхелаи фаъолияти мақомоти судӣ қонунҳои мазкур такмил дода шуда, 6 августи соли 2001 ба як Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муттаҳид гардида, аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабул гардид.
Минбаъд ин Қонуни конститутсионӣ боз ҳам такмил дода шуда, 26 июли соли 2014 дар таҳрири нав қабул карда шуд.
Аз вақти қабул шудани Конститутсия то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Маҳз тайи ҳамин солҳо музокироти тӯлонии миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу субот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд, шурӯъ шуда, 27 июни соли 1997 бо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба анҷом расид. Созишнома дар баробари ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мубрами рӯз, ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия пешбинӣ намуд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф 26 сентябри соли 1999 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо барои рушду такомули давлату давлатдории миллӣ такони ҷиддӣ гардиданд. Дар миёни ин ҳама навъовариҳои пешбинишуда ташкили мақоми нави дастаҷамъӣ Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои танзими фаъолияти мақомоти судии мамлакат таъсис ёфта буд, аҳамияти назаррас дошт.
Татбиқи барномаҳои ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, вусъат ёфтани муносибатҳои бозоргонӣ, ҳамгироӣ бо ҷомеаи мутамаддин ва пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, он ба талаботи давру замон мувофиқ гардонда шавад. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 4 апрели соли 2003 иброз намуда буданд: «…меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намояд. Бояд тазаккур дод, ки соли 1999 на ҳамаи камбудию нуқсонҳои Конститутсия ислоҳ гардида, норасоиҳои дар матн ҷойдошта бартараф карда шуданд». Ҳамин буд, ки як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус баромад намуданд.
Ҳамин тавр бори дуюм — 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки ин пеш аз ҳама самараи заҳматҳои роҳбарияти давлат ва халқи Тоҷикистон аст. Халқи Тоҷикистон амалан ихтиёри давлатдориро ба даст гирифта, асосҳои ҳуқуқии барпо намудани давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид ва заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохта, дар кишвар раванди бунёдкориро оғоз намуд.
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия қабл аз ҳама масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дарбар гирифта инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намуд. Арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ мебошад.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд.
Аз ин рӯ, бори сеюм 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои навбатӣ ворид карда шуданд.
Тағйиру иловаҳои охирини ба Конститутсия воридшуда ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат карда, ба мақомоти судии кишвар низ дахл доранд.
Дар асоси тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида, 23 июли соли 2016 ба Қонуни қонститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд.
Тибқи ин тағйиру иловаҳо, бинобар сабаби барҳам дода шудани Шӯрои адлия, ваколати ин сохтор дар самти таъминоти ташкилии фаъолияти судҳо ва таъминоти моддию техникии онҳо, тартиби интихоб, таъин, бозхонд ва озод намудани судяҳо, инчунин таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз — судяҳо, масъалаҳо вобаста ба фаъолияти Маркази таълимии судяҳо, дар як коллегияи тахассусӣ муттаҳид кардани се коллегияи тахассусии мавҷудбуда, таҷдиди сохтори дастгоҳҳои судҳо бо васеъ гардонидани ваколати онҳо, нисбат ба судҳои умумӣ, ба салоҳияти Суди Олӣ ва нисбат ба судҳои иқтисодӣ бошад, ба салоҳияти Суди Олии иқтисодӣ вогузор карда шуданд.
Ҳамчунин, тағйиру иловаҳои воридшуда ба таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, такмили сохтори он, тибқи талаботи Конститутсия муқаррар кардани тартиби нави интихоб ва таъини судяҳо, тақвияти тартиби баланд бардоштани дараҷаи тахассусии судяҳо, ташкили бонизоми фаъолияти мақомоти судӣ ва тарзи ҳалли дигар масъалаҳои хеле ҷиддие, ки дар раванди амалисозии ислоҳоти конститутсионӣ ба миён омадаанд, равона карда шудааст.
Конститутсия моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаҳои онро муқаррар намуда, чунин меъёрро пешбинӣ кардааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Яъне судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақил буда, фаъолияти худро аз номи давлат амалӣ менамоянд ва танҳо ба қонун итоат мекунанд.
Дар ин замина, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид мебошад: «Ин дигаргуниҳои куллӣ маҳз ба хотири идома бахшидан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ равона гардидаанд ва ба талаботи давру замон мувофиқ мебошанд».
Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти аҳамияти бузурги нақши мақомоти судӣ дар кори мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуку манфиатҳои шаҳрвандон дар тамоми давраи Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба фаъолияти мақомоти судӣ диққати махсус медиҳанд. Дар ин бора он далел шаҳодат медиҳад, ки дар давоми даҳ соли охир бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат чор Барномаи мукаммали ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ карда шуданд.
Ба ҳамин тартиб, Конститутсияи Тоҷикистон дар радифи дигар рукнҳои ҳокимият нақш ва мавқеъи рукни судии онро муқаррар намуда, роҳу равиши нави рушду такомули онро муайян кардааст.
Боиси қаноатмандист, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол таъмини шароити моддию техникии судҳо ва вазъи иҷтимоии судяҳо беҳтар гардида истодааст.
Ҷашни 29 солагии қабули Конститутсия боз як фурсати мувофиқ аст, ки мо дар бораи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии худ мулоҳиза ронем. Дар ин роҳ Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоламон роҳбаладу роҳнамои мост. Зеро Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст. Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.
Ба ҳамаи мардуми сарбаланди кишвари азизамон ҷашни Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолу орому ободро муборакбод мегӯям.
Додозода А.М.
Сардори Раёсати ташкили кори судҳои Суди Олӣ