МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ КОРИ ДАСТҶАМЪИСТ
“Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири мапфӣ мегузорад. »
Эмомалӣ РАҲМОН
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ КОРИ ДАСТҶАМЪИСТ
Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиклолияти давлатӣ робитаи ҳамаҷонибаро бо кишварҳои ҷаҳон густурда, «сиёсати дарҳои боз»-ро интихоб намуд. Аз ин ба баъд чун як кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ барои муаррифии давлат ба оламиён ташаббусҳову ибтикороти башардӯстона ва хайрхоҳонаро амалӣ намуд.
Дар ин асно ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фарҳанги баланди ҳуқуқиро талаб мекунад, ки бе он чунин арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, ба монанди волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд пурра амалӣ шаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун кафили ҳуқуқу озодиҳо ва амнияти мардум ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паём ироа намуда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар як сол таҳлил намуда, вазифаҳоро барои минбаъда муайян месозад.
Некӯаҳволии мардум ҳадафи олии роҳбарияти ҷумҳурӣ (чор ҳадафи стратегии миллӣ пешбинишуда — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат) ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ, дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат ба масоили сиёсати давлатии молиявию иқтисодии ҷумҳурӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Мушоҳида мегардад, ки дар Паёмҳои охир ба мушкилоти коррупсия низ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Зеро, коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии чунин ҷиноятҳо ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, мафкураи инсоният таъсири манфии худро мерасонад.
Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва ҷомеа, ба муборизаи зиддикорррупсионӣ, борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани сиёсати зиддикорруисионии давлат, пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ дар вохуриву баромадҳо мегӯянд.
Мо кормандони суд низ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муковимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои амалкунандаро сармашқи кори худ дониста фаъолият мебарем.
Набизода Наргис Ҳаким,
судяи суди вилояти Суғд