Паём –раҳнамои мо «Ҳуқуқи инсон дар меҳвари сиёсати давлати миллии мост
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки он давоми сол барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва қутбнамои ҷомеа хизмати басо созгор менамояд. Ба ибораи дигар, Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикисон як навъ хулосабардорӣ аз фаъолияти давлату Ҳукумати кишвар ва бозгӯи дастовардҳои мардуми шарифи меҳан дар як соли охир буда, барномаи тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ барои соли 2023 арзёбӣ мегардад, вазифа, мақсад ва мароми рушди босуръати кишварро дақиқан ва амиқан муайяну мушаххас месозад.
Воқеан, дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Масъалаҳои муҳиме, ки дар паёмҳои қаблӣ ва Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ҷавонон, ҳуқуқ, қонун ва ҷомеа, судҳо ва ислоҳоти судӣ, терроризм, экстремизм, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, вазъи минтақа ва байналмилалӣ мебошад, ки омилҳои калидии амнияти давлатдории миллӣ арзёбӣ гардиданд.
Боз ҳам ҳамин Паём аст, ки дар ин масири ҷаҳонӣ, дар печутобҳо ва нишебу фарозҳои ғайриинтизор роҳи моро равшан мекунад. Дар воқеъ, Паёми Ҷаноби Олӣ як чароғи пурқудрати нурафкан аст, ки гиреҳҳои мушкилотро кушода, бо хиради азалии аҷдодӣ кӯмак мекунад, ки роҳи худро ба сӯи ҳадафи шарафманду бузурги миллиамон дарёбем. Эълон шудани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои рушди босуръати саноатикунонии мамлакат низ дар ҳамин масир нақши муҳим хоҳад бозид. Дар партави Паём вазифаҳои ҳокимияти қонунгузорӣ, ҳокимияти маҳаллӣ ва ҳокимияти судӣ маълум буда, аз масъулини ин соҳаҳо кордониву заҳмати зиёдеро талаб хоҳанд кард.
Дар соҳаи ҳуқуқ вақте ин андешаро пайгирӣ мекунем, пеш аз ҳама, Эъломияи ҳуқуқи башарро ба ёд меорем: моддаи нахустини он аз моддаи Эъломияи Куруши Кабир маншаъ гирифтааст. Дар он гуфта мешавад, ки ҳар як инсон аз соати ба дунё омаданаш, сарфи назар аз нажод, ҷинс, дину оин ва дигар фарқиятҳояш ҳуқуқи зиндагии шоиста ва соҳиби эҳтиром буданро дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ақидаи ҳуқуқшиносони ҷаҳон, яке аз беҳтаринҳо эътироф шудааст.
Дар Паёми Пешвои миллат омадааст: «Мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкулоту муассисаҳоро таъмин созанд».
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст, зикр гардид дар Паём.
Ин ғамхории навбатии Ҳукумати мамлакат дар он зоҳир мегардад, ки новобаста аз бӯҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ дар кишвари мо маошу стипендия ва нафақа мунтазам афзоиш меёбад ва аз 1 июли соли 2023 маоши ин қишри ҷомеа 20 фоизи зиёд хоҳад шуд. Ҳамчунин аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат ҳамаи моро водор месозад, ки вазифаи худро аз самими қалб иҷро намоем ва дар татбиқи қонунҳои амалкунанда ва Барномаҳои давлатӣ ба дастовардҳои шоиста ноил гардем. Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дастгирии ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим аз ҷониби СММ нуфузи кишвари моро дар миқёси олам боз ҳам баланд бардошт.
Дар Паём таваҷҷуҳи хоса бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, муборизаи беамаон алайҳи ҷиноятҳо марбут ба равишу ҷунбиши характери экстремистидошта, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор зоҳир намуда шуд.
Аз ҳидоятҳои Паёми имсола мо чунин натиҷа мегирем, ки анъанаҳои қонунгузории миллии мо на танҳо адолати судиро дар рӯзгори муосир таъмин мекунад, балки бояд дар айни замон муаррифгари фарҳанги ҳуқуқии миллату давлати мо дар арсаи ҷаҳон бошанд.
Муродализода Суҳроб
Раиси суди шаҳри Истаравшан