ПАРЧАМ – РАМЗИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Рамзҳои давлатӣ ҳастӣ ва ифтихори миллии мо буда, гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору ватандорӣ мебошад». Давлат ё миллатеро, ки се рукни асосӣ, се нишони муаррификунандаи далатдорӣ – Нишон, Парчам ва Суруди миллии худро надорад, касе нашносад, эътироф накунад ва эҳтиром наоварад. Зеро танҳо ин се нишон ифодагари воқеияти соҳибихтиёрӣ ва муттаҳидии миллат мебошанд.

Парчам яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба таҳкими иттиҳоди миллат ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ мусоидат мекунад ва боиси ифтихор ва нангу номус аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора қабул шуд. Рангҳои парчами миллӣ дар худ маънеҳоеро таҷассум менамояд, ки ба миллати мо қаринанд: — Ранги сурх — озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- сулҳ ва оромӣ, ранги сабз — ободӣ ва ривоҷу равнаҳро баён менамояд. Тоҷ ва ҳафт ситора, ки дар руйи Парчам акс ёфтаанд, рамзи миллати куҳан ва фарҳангофар мебошад.

Парчами миллӣ рамзи гиромидошти яке аз муқадасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфои ва зиндагии пурсаодат мебошад.

Имрӯз мо бояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошата бошем, эҳтироми онро чун сарвати гаронбаҳои умуми миллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ба ҷавонон бирасонем.

Пристави cудии
суди шаҳри Бӯстон
Анварҷонзода Д.