Ҳукми суди ноҳияи Айнӣ бо моддаҳои 187 қисми 2 ва 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судшаванда Н.С.Ш. соли 2014 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карда, ҳангоми он ҷо қарор доштан бо К.Ф.Ҳ, «З» ва «Р» ба воситаи бародараш Н.М.Ш шиносоӣ пайдо намуда, якҷоя дар коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қоғазии «К» кор карда, бо гузашти вақт ба онҳо бо ҳамроҳии бародараш Н.М.Ш., ки худро ҳамчун амири гурӯҳ ва ӯ бошад ёрдамчии гуруҳ эътироф шуда буд, мунтазам амри маъруфҳои хусусияти ифротидошта карда, бо роҳи ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва ё ҷиноятҳои махсусан вазнин ақида ва ғояҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломӣ» — ро бо баргузор намудани амри маъруфҳо ташвиқоти оммавӣ намуда, дурустии мафкура ва таҷрибаи экстремизму терроризмро бо роҳи сафедкунии оммавӣ эътироф намуда, онҳоро ташвиқоту тарғибот намудаанд ва дар ин раванд ӯ, К.Ф.Ҳ., «З» ва «Р» ном шахсон ба амири гурӯҳ Н.М.Ш. (байъат) ёд намуда, дар натиҷаи даъвати Н.М.Ш. ба ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломӣ» шомил ва аъзо гардидаанд.
Ҳамчунин, номбурда бо даъват ва мусоидати аъзоёни дигари фаъоли иттиҳодияи ҷиноятии болозикршуда К.Ф.Ҳ., «З» ва «Р» ном шахсон дар бораи мароми ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломӣ», ки тӯли чанд соли охир дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун иттиҳодияи ҷиноятӣ зери ниқоби дини мубини Ислом паноҳ бурда, воқеъан хусусияти моҷароҷӯёна ва нияти душманона дошта, мақсади ниҳоияш бо роҳи даъват ба «Ҷиҳод» ва ҳуҷумҳои мусаллаҳона тағйир додани сохти конститутсионии як қатор давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барпо намудани «Давлати Исломӣ» мебошад, аз соли 2014 то охири соли 2018 мансубияти худро ба ин иттиҳодияи ҷиноятӣ дарк карда, бо мақсади кӯмак расонидан ба аъзоёни иттиҳодияи мазкур, ки дар ҳудуди Давлати Арабии Сурия ҳар моҳ ба маблағи аз 500 то 2000 рубли бонки Федератсияи Русия тариқи Н.М.Ш. кӯмаки молиявӣ расонида, дар фаъолияти ин иттиҳоди ҷиноятӣ иштирок кардааст.
Илова бар ин, Н.С.Ш. бо бародараш Н.М.Ш. , К.Ф.Ҳ., «З» ва «Р» ном шахсон ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, ғояҳо ва ақидаҳои ҳаракати ифротии ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломӣ» — ро тавассути баргузор намудани амри маъруфҳо тарғибу ташвиқи оммавӣ намуда, дурустии мафкура ва таҷрибаи экстремизму терроризмро бо роҳи сафедкунии оммавӣ эътироф намуда, ғояҳои онро тарғибу ташвиқ намудаанд. Баъдан, ӯ ва бародараш Н.М.Ш. аз охирҳои соли 2014 то охирҳои соли 2018 ақидаву ғояҳои иттиҳоди ҷиноятии «Давлати Исломӣ» — ро ҷонибдорӣ намуда, бо мақсади ҷалб ва шомил намудану зиёд кардани сафи аъзоён тавассути баргузор намудани амри маъруфҳо паҳн карда, К.Ф.Ҳ., «З» ва «Р» ном шахсонро ба тариқи оммавӣ ба се намуди ҷиҳод — ҷонӣ, мафкуравӣ ва молӣ даъват намудаанд, гарчанде, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 ташкилоти «Давлати Исломӣ» ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда бошад, ҳам Н.С.Ш. ва бародараш Н.М.Ш. бо роҳи гузаронидани амри маъруф ҷиҳати шарҳ додани баромадҳои хусусияти террористӣ-экстремистидоштаи аъзоёни ташкилотҳои террористӣ, яъне К.Ф.Ҳ., «З» ва «Р» ном шахсонро ба таври оммавӣ ташвиқот намуда, мафкура ва таҷрибаи террористиро дуруст эътироф карда, онро ҷонибдорӣ намудааст.
Ӯ шаҳрванд К.Ф.Ҳ., ки сокини шаҳри Панҷакент мебошад, мешиносад ва ягон қасду хусумат надорад. Бо номбурда, ба воситаи бародараш шинос шуда будааст. Ӯ бо К.Ф.Ҳ. ягон маротиба якҷоя кор накардааст ва дар як манзил зиндагонӣ низ накардааст. Намедонад, ки номбурда аз чи сабаб ба ӯ нишондод додааст. Ӯ аз соли 2004 ба хондани намоз машғул буда, пайрави мазҳаби Имоми Аъзам мебошад ва ҳамагуна ақидаҳои ҳаракатҳои ифротиро қабул надорад. Ӯ сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф ва ҷонибдорӣ менамояд. Бинобар он, аз суд хоҳиш кард, ки бо назардошти вазъи оилавӣ, синну сол ва вазъи саломатиаш, ки захми меъда дорад ва гирифтори бемории дил аст, нисбаташ қарори одилона қабул карда шавад.
Дар маҷлиси судӣ судшаванда К.Ф.Ҳ. ҳолати содиршавии ҷиноятро пурра баён намуда, зикр намудааст, ки Н.М.Ш. ба онҳо амри маъруф карда, таълимоти динӣ медодааст. Онҳо якҷоя намоз мехондаанд ва тарзи намозхонии Н.М.Ш. ва Н.С.Ш. аз тарзи намозхонии мазҳаби Имоми Аъзам фарқият доштааст. Ҳамчунин, Н.М.Ш. дар бораи ҷиҳод ва намудҳои он ба онҳо фаҳмонида будааст. Ба ақидаи Н.М.Ш. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ давлати куфрӣ будааст, зеро барои мондани риш ба мардҳо ва ба занҳо барои пушидани сатру ҳиҷоб фишор оварда мешудааст. Аз сабаби он, ки ӯ дар шаҳри Панҷакент таълимоти динӣ гирифта будааст, ақидаҳои Н.М.Ш.-ро ҷонибдорӣ мекардааст, дар баробари ӯ дигарон Н.С.Ш., «С» ва «Р» низ ақидаҳои ифротии Н.М.Ш., яъне ӯро ҷонибдорӣ мекардаанд. Илова бар ин, ба Н.М.Ш. ҳар моҳ онҳо маблағ аз 500 то 2000 рубли бонки Федератсияи Русия медодаанд, зеро он кӯмак барои дигар бародарони мусулмон, ки дар дигар давлатҳо ҷанг карда истодаанд, будааст. Ӯ дар баробари дигар ҳамроҳонаш бо даъвати М аъзои ташкилоти террористии «Давлати Исломӣ» шуда, дар шабакаҳои интернети наворҳои видеогии ин ташкилотро бо мақсади зиёд кардани сафи аъзоён паҳн намуда, аз кардааш сидқан пушаймон будааст.
Дар мурофиаи судӣ муқаррар гардид, ки дар ҳаракатҳои судшаванда Н.С.Ш. аломатҳои ҷинояти иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ(ташкилоти ҷиноятӣ) ва иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, итиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, ҷой дошта, гунаҳкории номбурда исботи пурраи худро ёфт, аз ин рӯ, суд кирдори судшаванда Н.С.Ш. — ро бо моддаҳои 187 қисми 2 ва 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст менамояд.

Н.С.Ш дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 187 қисми 2 ва 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад.
Ба Н.С.Ш дар асоси моддаи 187 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати ҳашт сол;
Ба Н.С.Ш дар асоси моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати панҷ сол;
Бо дастрасии қисми 3 моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо, бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ҷазои ниҳоӣ ба Н.С.Ш. дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ҳашт солу шаш моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шавад.

Раисикунанда Маруфзода Н.Н.