Ваҳдат – дастоварди беназири миллати тоҷик
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки мардуми тоҷик ва сокинони ин сарзамини биҳиштдомон дар баробари баҳраварӣ аз шаҳди ваҳдати миллӣ кӯшидаанд, он боз солҳо дастовардҳои зиёде ба даст оварад. Яке аз омилҳое, ки пояи сулҳро ба мустаҳкамшавӣ, наздик месохт, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ буданд .
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як силсила тадбирҳо андешида шуданд, ки инҳо барои таъмини сулҳ ва бозгашти ҳамватанон мусоидат намуданд.
Баъди имзо шудани Созишномаи умумӣ, яъне рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва заминаи сулҳ ва ваҳдат дар Тоҷикистон амалӣ гардид. Пас аз ин воқеъаи таърихӣ дар мамлакат тадбирҳои ба сохторӣ ҳукуматӣ шомил кардани намояндагони мухолифин, ба ҷумҳурӣ баргардонидани Қувваҳои Мусаллаҳи онҳо, таъмини фаъолияти озоди ҳамаи аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсӣ, ки фаъолияташон ба қонунҳои ҷумҳурӣ мухолифат намекунанд, андешида шуданд. Ин тадбирҳо роҳи сулҳро пойдор намуд ва то ҳол ваҳдати миллиро мустаҳкам карда истодааст.
Мардуми кишвар хуб медонанд, ки бо шарофати ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем ба бесарусомониҳои дохилӣ, муқовимату ҷудоихоҳии гурӯҳҳои ҷудогона, оташи ҷанги бародаркуш хотима бахшида, ба эътиқод ба рӯзи фардои саршор аз шукуфоию саодати Ватан ба маҳаллаи нави давлатдории худ бо таъмини сулҳ, ваҳдати миллӣ ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқ оѓоз бахшем.
Ваҳдати миллӣ барои мардуми кишвари мо аркони басо муҳиму муқаддаси давлатсозию давлатдориро таъмин менамояд. Аз як тараф ваҳдати миллӣ ҳамчун омили созанда халқро муттаҳид намуд ва пояи давлати ҷавони соҳибистиқлолро устувор гардонид ва аз тарафи дигар, кишвари моро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як мамлакати сулҳофар муаррифӣ намуд.
Хамин тавр ваҳдати миллии тоҷикон боиси он гардид, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҷангӣ таҳмилӣ ба итмом расида, давлати мо ба дастовардҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ноил гардид. Бояд қайд кард, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бартарафсозии низои дохилӣ ва барқарор намудани сохти конститутсионии мамлакат, ҳамчун барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ хеле бузург буда, маҳз бо заҳмату талошҳои беандозаи сарвари давлат дар кишвар сулҳу субот пойдор гардид, ки баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои муҳим ба вуҷуд омаданд.
Итминони комил дорем, ки халқи шарафманди тоҷик бо хислатҳои неку созанда метавонад Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.
Суҳроб Муродализода
Раиси суди шаҳри Истаравшан