ВАҲДАТ САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ!

Мардуми сарбаланди тоҷик, аз ҷумла ҷавонони умедбахши даврони истиқлолият шукргузорӣ аз кишвару сарзамини биҳиштосо, истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва шукрона аз фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, қаҳрамону сулхофарин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд, ки барои ҳар фарзанди диёраш неъматҳои бузурги илоҳиро ҳадя сохтааст.

Дастуру раҳнамоиҳои он кас ҳамчун роҳбари давлат дар баромадҳояшон ҷой гирифтааст. Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора чунин андеша доранд: «Аз баракати сулҳу ваҳдат мо имкон пайдо намудем, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шахрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё созем. Имрӯз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки дар кишварамон барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамаи имкониятҳои сиёсиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд… Борҳо гуфтаам ва бори дигар изҳор медорам, ки ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳ­дат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободонии Ватани азизамон мебошад».

Ҳарчанд аз баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли дар Тоҷикистон 26 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вале таърих гувоҳӣ дода истодааст, ки Тоҷикистони ҷавон ҳар лаҳзаву ҳар соат рӯ ба рушду инкишоф ниҳода истодааст, ки ҳар як муваффақияту дастовардҳои бузурги он дар саҳифахои таърихи он сабт ёфта истодааст.

Мисоли равшан, дарҳои худро боз намудани муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус барои ҷавонони кишвар, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои хориҷии дуру наздик, таъ­сиси Квотаҳои Президентӣ барои ҷавонписарону ҷавондухтарони шаҳру ноҳияҳои дурдасти қӯҳистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ, мушарраф гардидани хонандагону донишҷӯён ба Стипендияҳои Президентиву раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ифои рисолаҳои номзадӣ дар риштаҳои гуногуни илм аз тадбирҳои фаровон ва таваҷҷӯҳи махсуси давлату ҳукумат ва меваи шаҳдбори Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

Ин тадбирҳо яке аз нишонаҳои дастоварди кӯчаки донишгоҳ ҳамчун зодаи даврони давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба ҳисоб рафта, моро аз парокандагиву гумроҳӣ, шомилшавӣ аз зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ ва таваҷҷӯҳ ба таълиму тарбияи насли наврас ҳушдор месозад.

Дар фазоӣ сулҳу ваҳдат пеш гирифтани иқдомҳои шоиста ва меҳрубониҳои роҳбари давлат ба миллати тоҷик ва махсусан, ба ҷавонон имконият медиҳад, ки илм омӯзанд, аз таъриху фарҳанги ниёгони хеш ифтихор намоянд, таҷрибаҳои пешқадам ва техникаю технологияҳои пешрафтаи ҷаҳони муосирро азхуд намоянд ва барои Ватани худ содиқона хизмат намоянд.

Ваҳдати тоҷикон имкон дод, ки давлат аз нав эҳё шавад, ободу ободонӣ, илму хирад, ба ҷойгоҳи аввалаш бозгардад. Ваҳдати миллӣ дар байни ҷашнҳои дигар мақоми хосса дорад, зеро мо бо ин рӯзи неки пурсаодат бар ивази талафотҳои бузурги моддию маънавӣ ва ҷонӣ расидаем.

Хулоса, ин ҳама пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат аз пойдории Ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад. Кӯшиш намоем, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ обу хоки муқаддас ва ҳар як неъматҳои бузурги ҳадяшударо чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ҷавононро ба сӯи илмомӯзиву ободонӣ, бунёди кишвари солим ва бар зидди ҳама гуна падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ чун ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ даъват намоем ва аз Ватани худ ифтихор намоем.

Бинобар ин, ба қадри сулҳу ваҳдат расидану ин воҷаи муқаддасро чун гавҳараки чашм нигоҳ доштан аз ҳар як сокини ин марзу бум дараҷаи баланди ватандӯстию миллатдӯстӣ ва масъулияти бузурги шаҳрвандиро тақозо менамояд.

Ин аст, ки осуда шаб ба болин cap мегузорем, фарзандонро бағал мегирем, табассуми ширин ва хандаҳои беғаши онҳоро мешунавем, далели бебаҳс аст, ки бояд аз он чӣ ки дорем, ҷонибдорӣ кунем ва шукр гӯем. Зиндагӣ дар ҳеч давру замон ба касе осон даст надодааст, инсон аз қадим дар талоши ҳаёт дар талоши зиндагии сазовор аст. Мушкиле нест, ки гиреҳи он кушода нашавад. Ва агар ҷавонон бо ҷаҳд илм омӯзанд, ҷаҳонбиниро васеъ намоянд, ба ихтироот рӯ оранду ҳамқадами замон бошанд, боварӣ дорам, ки ҳеҷ гоҳ пойбанди ақидаҳоӣ ифротию хурофотӣ намешаванд ва неруро ба созандагӣ равона хоҳанд кард.

Абрунисо МИРАСИЛЗОДА,

судяи суди вилояти Суғд