Судшаванда Н.С.Ш. соли 2014 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карда, ҳангоми он ҷо қарор доштан бо К.Ф.Ҳ, «З» ва «Р» ба воситаи бародараш Н.М.Ш шиносоӣ пайдо намуда, якҷоя дар коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қоғазии «К» кор карда, бо гузашти вақт ба онҳо бо ҳамроҳии бародараш Н.М.Ш., ки худро ҳамчун амири гурӯҳ ва […]
Хабарҳо
Судшаванда М.С.С.. ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, даст ба ҷиноят ба муқобили барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан додан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор, ба микдори начандон калонро дар ҳолатҳои зерин содир кардааст. М.С.С. моҳи октябри соли 2023 бо Ш ном […]
Ҳуқуқвайронкунанда Г.С.Д. ба хотири тӯйи хонадоршавии фарзандаш дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Айнӣ, маъракаи «чойгаштак»-ро гузаронида ба муносибати он хешовандон ва ҳамсоягонашро даъват намуда, бо таоми ош зиёфат дода, талаботи моддаи 10 қисми 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон
У.Ш.М. дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Айнӣ маъракаи ҳоҷиошии падарашро гузаронида, талаботи қисми 2 моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намудааст, ки бо ин ҳаракатҳои худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.
Ба диққати коромӯз-судяҳои давраи таҳсили соли 2024 расонида мешавад, ки дарсҳои таълимии назариявӣ ва амалии коромӯз-судяҳо дар Маркази таълимии судяҳо рӯзи 8 январи соли 2024, соати 08:00 дақиқа дар толори асосии бинои Суди Олӣ оғоз мегардад. Эзоҳ: сару либос расмӣ. Маъмурияти Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Рамзҳои давлатӣ ҳастӣ ва ифтихори миллии мо буда, гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору ватандорӣ мебошад». Давлат ё миллатеро, ки се рукни асосӣ, се нишони муаррификунандаи далатдорӣ – Нишон, Парчам ва Суруди миллии
Мансаби Президенти муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани Президент муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67-и Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шуруъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси
Рӯзҳои 8-9 ноябри соли 2023 дар толори суди вилояти Суғд бо ҷалби кормандони дастгоҳҳои судҳо – шахсони мутасаддии кор бо сомонаҳо тренинги омӯзишӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ибтикори Суди Олӣ сурат гирифта, дар он аз ҷониби мутахассисони соҳаи иттилоотиву коммуникатсионӣ тарзи пешбурди кори сомонаҳо, ворид ва ё тағйир додани маълумоти сомонаҳо омӯзонида шудаанд.
6 ноябри соли 1994 ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда дар таърихи навини давлатдории кишвари азизамон бо рангҳои заррин сабт мегардад. Зеро ин рӯз ҳамчун марҳилаи нави низоми давлату давлатдорӣ, поягузории муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии кишварамон мебошад. Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони