Ҷазо барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда
Судшаванда С.С.Н. бархилофи талаботи моддаҳои 2,18,22 ва 29 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад, то ҳудуди қитъаи заминро муқаррар намудани мақомоти дахлдори танзими замин ва додани ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи заминро тасдиқ менамояд ба истифодаи қитъаи замин шуруъ намудан манъ аст, қитъаҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва заминҳои таъиноти кишоварзӣ ҳангоми зарурат барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ танҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, амал намуда моҳи ноябри соли 2025 бо масоҳати 18.72 м.м. қитъаи замини таъиноти ғайрикишоварзии хоҷагии деҳқонии «Меҳргон»-ро дар тарҳи 111 қисми харитаи заминсозӣ ҷойгир мебошад, худсарона ишғол намуда, дар масоҳати 18.72 м.м. бархилофи талаботи моддаи 17-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масолеҳи сохтмонии сангу хишт бинои ёрирасон оғилхонаро бунёд карда, манфиатҳои давлатро халалдор кардааст.
Суд кирдори судшаванда С.С.Н-ро бо моддаи 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ пешбинӣ менамояд, банду баст менамояд.
Бо ҳукми суди ноҳияи Айнӣ нисбат ба судшаванда С.С.Н., бо моддаи 338 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.
Суди ноҳияи Айнӣ 
