Баррасии парвандаи маданӣ дар маҷлиси сайёри судӣ дар бинои КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Айнӣ
Санаи 17 марти соли 2026 раиси суди ноҳияи Айнӣ Маруфзода Н.Н. дар байни аҳоли ва кормандони КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Айнӣ дар мурофиаи сайёри судӣ парвандаи маданиро бо даъвои прокурори ноҳияи Айнӣ ба манфиати КДФ “Хоҷагии Манзилию Коммуналӣ” дар ноҳияи Айнӣ ба ҷавобгарии Шафоатов Ю.Ш. оид ба рӯёнидани маблағи қарзи пардохтнашудаи хизматрасонии оби нушоки ва партобро баррасӣ намуда, баъд аз он ба иштирокчиён дар бобати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» баромади муфассал намуда, ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас дода шуд.
Суди ноҳияи Айнӣ 
