Риоя накардани танзими ҷашну маросим

Ҳуқуқвайронкунанда Д.Ю.Б. санаи 16 январи соли 2026 тахминан соати 19:40 дақиқа дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар деҳаи Марғузори ноҳияи Айнӣ маросими чойгаштакро ба хотири ба шавҳар додани духтараш бо оростани дастархон дар ду хона ва бо додани таъоми миллии «картошка — кабоб» бо иштироки ҳамсинфони духтараш ва хешовандонаш баргузор намуда, талаботи моддаи 12 қисми 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намудааст, ки бо ин ҳаракатҳои худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 481 қисми 3 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.
Ҳуқуқвайронкунанда Д.Ю.Б. бо ин кирдораш муқаррароти қисми 3 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро содир намудааст.
Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Д.Ю.Б-ро бо қисми 3 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои талаботи моддаи 12 қисми 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намуданаш банду баст мекунад ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда Д.Ю.Б. дар доираи раводиди моддаи 481 қисми 3 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба андозаи дусаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба ҳабдаҳ ҳазору яксаду шаст сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

 

Раиси суд                                                                          Маруфзода Н.Н.