МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ХОКИМИЯТИ СУДӢ

Санаи 27 октябри соли равон, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба рўзи кормандони ҳокимияти судӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ кормандони мақомоти суди ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд. Ҷамъомадро Раиси ноҳия ифтитоҳ намуда, бо зикри нақши муассиру муҳим будани ҳокимияти судӣ дар таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини адолати иҷтимоӣ таъкид кард. Ў афзуд, ки таҷлили рўзи кормандони ҳокимияти судӣ нишонаи эҳтиром ба онҳое мебошад, ки бо масъулияти баланд ва садоқати касбӣ барои адолати судӣ ва қонуният хизмат менамоянд.
Дар идонаи чорабинӣ прокурори ноҳия Саидҷамол Ҷалолзода сухан гуфта, аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ дар фаъолияти ҳокимияти судӣ ёдовар шуд ў изҳор дошт, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳокимияти судии кишвар дар самти таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.
Сипас, раиси суди ноҳияи Айнӣ Маруфзода Некруз Нарзулло суханронӣ намуда, дар бораи нақши суд ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва масъулияти он дар баррасии одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини адолати иҷтимоӣ андеша баён карданд.
Раиси ноҳия аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба ҳамаи кормандони ҳокимияти суд барои меҳнати софдилона, садоқат ба касб ва саҳми арзандаашон дар таҳкими волоияти қонун изҳори сипос намуд.