Баргузории вохӯрии тарғиботию ташвиқотӣ бо иштироки Раиси суди ноҳияи Айнӣ дар “Литсейи касбӣ”-и техникии ноҳияи Айнӣ

Дар “Литсейи касбӣ”-и техникии ноҳияи Айнӣ санаи 19 феврали соли 2026 вохурии гуруҳи таблиғотӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси суди ноҳияи Айнӣ Маруфзода Н.Н. ва ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Айнӣ Нодирзода М.Б., иштирок намуда бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса суҳбати озоду судманд анҷом доданд.
Зимни вохурӣ муҳтавои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки Паёми Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина, масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими институти оила, пешгирии амалҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон хусусан ҷавонон ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба таври муфассал шарҳ дода шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аҳамияти татбиқи саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми имсола ироа гардидаанд, таъкид шуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, пешгирии содиршавии ҷинояти авбошӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, инчунин роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун аз омилҳои муҳими пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ба ҳисоб меравад.
Чорабинии мазкур дар фазои озоду ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, барои таҳкими ҳамкории ҳокимияти судӣ бо муассисаҳои таълимӣ заминаи мусоид фароҳам овард.