26 октябр дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ба​ муносибати Рӯзи кормандони ҳокимияти судӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони хокимияти судиро бо иди касбиашон табрик гуфта, қайд намуд, ки хокимияти судӣ яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, таъмини адолати судӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст.

Таъкид карда шуд, ки​ Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули фаъолияти хокимияти судӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд заминаи мусоид фароҳам овард. ​ Дар ин давра барои рушду таҳкими мақомоти судӣ якчанд барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуд. Ин барномаҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани хокимияти суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ

ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.

Истиқлолият ҳамчун бузургтарин ​ дастоварди халқи тоҷик дар таърихи миллат саҳифаи наверо ​ оғоз ​ бахшид. Дар ин марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ маҳз бо кӯшиш ва ғайрати беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии​ давлат ва меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти ҷомеа гузошта шуданд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар маҳалҳо ба кормандони хокимияти Суд барои пеш бурдани фаъолияташон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Ғайр аз ин, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, беҳдошти сатҳи иҷтимоии кормандони сохтор, бунёди манзилҳои зист ва тақсими замин барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ амалӣ шуда истодааст.

Гуфта шуд, ки меҳнати пуршараф ва талошҳои шоистаи ҳар як корманди хокимияти судӣ

аз ҷониби ҷомеа ба хубӣ эҳсос гардида, борҳо аз тарафи роҳбарияти мамлакат қадрдонӣ карда шудааст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки чунин эътимоди баланди роҳбарияти мамлакат ва мардуми кишвар ба кормандони хокимияти судӣ рўҳу илҳоми тоза бахшида, онҳоро барои ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон будан ҳидоят мекунад.

Дар охир як қатор кормандони пешқадам ва собиқадорони соҳа қадрдони шуда, чорабинии тантанавӣ бо барномаи консертӣ хотима ёфт.