ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ШИНОСНОМАИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Сиву ду сол муқаддам миллати куҳанбунёду соҳибтамаддунамон ба дастоварди муқаддасу таърихӣ истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардида, аввалин хишти пойдевори давлати мустақил гузошта шуд. Дар ин давом, баъд аз се даҳсола ҷашн гирифтани рӯзи истиқлолияти давлатӣ гувоҳи он аст, ки ин кохи азими муҳташам дар заминаи пойдевори мустаҳкам ва бо заҳматҳои зиёд бунёд гашта, орзую ормонҳои амалишудаи тоҷикони рӯйи дунё аст. Зеро, аз қадимулайём халқи тоҷик соҳибдавлат ва соҳиби аркони давлатдорӣ буда, баъдан инони давлатдориро дар натиҷаи кашмакашиҳои дохилӣ, хоинии баъзе мансабдоронаш ва нотифоқии амалдоронаш, аз даст дод.
Тоҷикон дар ҳама давру замон бо дилу нияти пок ба сӯйи бунёдкориву созандагӣ, андӯхтани илм, ғанӣ гардонидани кони маонӣ ва таҳкими аркони давлатдорӣ талош менамуданд. Ин аст, ки баъд аз ҳазор солҳо шикасту рехт ва нокомии давлатдорӣ ноумед нагашта, мустақилиятро ба даст оварда, тоҷи шоҳонаи худро ба сар ниҳоданд.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, мутаассифона ватани азизи мо якчанд соли нооромиро паси сар карда бошад ҳам, бо нангу номуси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба сӯйи пеш, ба сӯйи қуллаҳои мурод қадам ниҳода, аз ин буҳрон низ раҳоӣ ёфт. Дар роҳи набард ба муқобили нокомию ҷаҳолат ва нооромиҳою қувваҳои бадӣ барои Тоҷикистони азизи мо баҳри аз даст надодани мустақилияти бо душвориҳо ба даст омада, шуҷоатмандӣ ва мардонагии фарзандони фарзонаи ин диёри маҳбуб низ зарур буд. То ин ки дар сафи пеши мубориза истода, бо роҳнамоии хирадмандона ва боварии комил ба фардои дурахшони миллат давлати соҳибистиқлол бисозем.
Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонистем давлати мустақиле бунёд намоем, ки аз ҷониби кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, сазовори обрӯю эътибори сатҳи байналмилалӣ гардидааст. Сол то сол мо шоҳиди пешравиҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт шуда истодаем. Бунёди иншоотҳои азими замонавии аср, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар, пешрафти техникаву технологияҳои навтарин, дастгирии ташаббусҳои наҷибонаи сарвари давлатамон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, эътирофи арзишҳои фарҳангии мо ҳамчун мероси фарҳанги умумибашарӣ, инкишофи забони давлатӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум самарҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизи мо арзёбӣ мегардад.
Дастовардҳои даврони истиқлолият бениҳоят зиёданд ва минбаъд низ дар натиҷаи татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мо метавонем ба пешравиҳои аз ин ҳам бештар ноил гардем.
Бо гузашти вақт ба муҳимият ва бузургдошти ин рӯйдоди таърихӣ баҳои воқеӣ дода, ҳамагон дарк намуданд, ки истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик ва дар таърихи давлатдории мо воқеаи бемислу таърихӣ маҳсуб меёбад.
Бо орзую ниятҳои нек ва шукргузорӣ аз фазои соҳибистиқлолии кишвар тамоми мардуми шарафманди кишварамон ва тоҷикони рӯи дунёро бо ин ҷашни миллӣ ва тақдирсоз таҳният гуфта, барои мардуми сарбаланди тоҷик пешравиҳои беназирро таманно дорем.

Мутахассиси пешбари Раёсати кадрҳо
ва корҳои махсуси Суди Олӣ
Содиқова Ш.Ф.