Қарори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқвайронкунанда Г.С.Д. ба хотири тӯйи хонадоршавии фарзандаш дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Айнӣ, маъракаи «чойгаштак»-ро гузаронида ба муносибати он хешовандон ва ҳамсоягонашро даъват намуда, бо таоми ош зиёфат дода, талаботи моддаи 10 қисми 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намудааст, ки бо ин ҳаракатҳои худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.
Ҳуқуқвайронкунанда Г.С.Д. дар маҷлиси судӣ аз кардааш сидқан пушаймон шуда, баёнот дод, ки ӯ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя накарда ба хотири ба шавҳар додани духтараш дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Айнӣ, маъракаи чойгаштаки фарзандашро гузаронида ба муносибати он хешовандон ва ҳамсоягонашро даъват намуда, бо таоми ош зиёфат додааст. Ӯ баъдан фаҳмидааст, ки маъракаи чойгаштаки гузаронидааш бархилофи қонун будааст. Ӯ аз гуноҳи кардааш сидқан пушаймон буда, ваъда дод, ки минбаъд ба чунин қонунвайронкунӣ роҳ намедиҳад. Бинобар он, аз суд хоҳиш кард, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Судя ҳаракатҳои ҳуқуқвайронкунанда Г.С.Д.-ро бо қисми 1 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим пешбинӣ менамояд, банду баст менамояд, зеро номбурда бо мақсади оиладор шудани фарзандаш маъракаи “чойгаштак” – ро гузаронида, талаботи қисми 2 моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намудааст.
Ҳангоми таъини ҷазо судя нисбати ҳуқуқвайронкунанда Г.С.Д., ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазои маъмурӣ ва шахсияти ӯро ба назар мегирад.
Тибқи моддаи 49 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати сабуккунандаи ҷавобгарии маъмури ин бори аввал содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад.
Мувофиқи моддаи 50 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ дар ҳаракатҳои Г.С.Д. дида намешавад.
Санксияи қисми 1 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи яксаду даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ кардааст.
Судя бо дарназардошти ҳолатҳои болозикршуда, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда ва вазъи молу мулкии охирон, ба мақсад мувофиқ мешуморад, ки нисбат ба Г.С.Д. дар доираи санксияи моддаи мазкур ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шавад.
Бо дастрасии моддаҳои 140, 141 – 142 – и КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси суд, —
Қ А Р О Р К А Р Д:

Г.С.Д бо қисми 1 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 110 (яксаду даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 7480 (ҳафт ҳазору чорсаду ҳаштод) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад.

Раиси суд Маруфзода Н.Н.