Конститутсия ва Конститутсия ва нақши таърихии он дар таҳкими қонунгузорӣ

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1991) дар назди давлати тозабунёди мо вазифаҳои муҳим ва масъулиятҳои бузурге ба миён омаданд, ки ҳалли онҳо барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини қонунияту адолат ва рушди ҷомеаи демократӣ аҳамияти таърихӣ доштанд.
Яке аз масъалаҳои калидии давраи навини давлатдорӣ таҳаввулоти низоми қонунгузорӣ ва баргузории ислоҳоти конститутсионӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро Конститутсияҳое, ки дар давраи узвияти Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ амал мекарданд, пурра ифодагари ормонҳои миллӣ ва арзишҳои инсонпарваронаи халқи тоҷик набуданд.
Дар онҳо мафиатҳои давлат ва моликияти давлатӣ дар ҷойи аввал гузошта шуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеи дуюмдараҷа доштанд.
Бо талошҳои пайгирона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ислоҳоти конститутсионӣ оғоз ёфт ва бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардид. Ин санади таърихӣ таҷассумгари таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, принсипҳои демократӣ, дунявият ва ҳуқуқбунёдӣ мебошад.
Қабули Конститутсия оғози марҳалаи нави давлатдорӣ ва қонунгузорӣ дар Тоҷикистон гардид. Ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф намуд. Дар асоси меъёрҳои Конститутсияи нав, тамоми қонунҳои замони шӯравӣ аз нав баррасӣ гардида, қонунҳо ва кодексҳои мутобиқ ба талаботи замон таҳия ва қабул карда шуданд. Дар ин раванд ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти аввалиндараҷа дода шуд.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳими Конститутсияи амалкунанда дар он аст, ки меъёрҳои он бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудаанд. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, дар ҷараёни таҳияи Конститутсия ва дигар қонунҳои миллӣ аз таҷрибаи машваратии муассисаҳои дахлдори байналмилалӣ истифода бурда шуд. Чуноне, ки Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Муҳимтарин ҷиҳати ин вазифа – то сатҳи юридикӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ баланд бардоштани қонунгузории давлатист». Аз ин рӯ, мо ба хулоса омадем, ки системаи ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни асосиамон аз кумаки машваратии муассисаҳои дахлдори байналхалқӣ истифода барем».
Давоми мантиқии ин сиёсати ҳуқуқбунёд қабули Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ буд, ки дар якчанд марҳила амалӣ гардид. Дар натиҷаи он Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ, Кодекси мурофиавии иқтисодӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси маданӣ ва дигар қонунҳои асосии кишвар қабул ва такмил дода шуданд.
Ҳамин тавр, Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат дар таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҷомеа ва рушди низоми қонунгузории миллӣ нақши сарнавиштсоз дорад. Маҳз дар асоси меъёрҳои он қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста такмил меёбад, бо меъёрҳои байналмиллалӣ мутобиқ карда мешавад ва вобаста ба тағйироти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ ислоҳ мегардад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо заминаи ҳуқуқии давлатдорӣ, балки рамзи ваҳдат, адолат ва истиқлолияти фикрии халқи тоҷик аст.
Маруфзода Н.Н.