Рӯзи қабули шаҳрвандон дар суди ноҳияи Айнӣ
Санаи 17 январи соли 2026 дар бинои суди ноҳияи Айнӣ қабули шаҳрвандон бо иштироки судяи суди вилояти Суғд Ашурзода Н. ва Раиси суди ноҳияи Айнӣ Маруфзода Н.Н. баргузор гардид.
Зимни қабули шаҳрвандон ба арзу дархостҳо ва саволҳои муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххасу асоснок пешниҳод гардида, барои баррасии қонунӣ ва саривақтии масъалаҳои ба миёнгузошташуда дастурҳои зарурӣ дода шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки баргузории чунин қабули шаҳрвандон ҷиҳати таҳкими робитаи суд бо ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқогоҳии шаҳрвандон ва таъмин намудани адолати судӣ мусоидат менамояд.
Суди ноҳияи Айнӣ 
