Вохури суҳбатҳо вобаста ба Паёми Пешвои миллат
Санаи 13 феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи бинои Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ вохурии гуруҳи таблиғотӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохурии мазкур Раиси суди ноҳияи Айнӣ Маруфзода Н.Н., корманди дастгоҳи суди ноҳия Шомуродов Ш.З. ва ёрдамчии прокурори ноҳияи Айнӣ Абдуллозода З.М., ҳузур доштанд. Зимни вохурӣ муҳтавои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки Паёми Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина, масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими институти оила, пешгирии амалҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон хусусан ҷавонон ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба таври муфассал шарҳ дода шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аҳамияти татбиқи саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми имсола ироа гардидаанд, таъкид шуданд.
Суди ноҳияи Айнӣ 
