Қарор бо моддаи 481 қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қ а р о р
оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Раиси суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд Маруфзода Н.Н., бо котибии Шомуродов Ш.З., бо иштироки прокурор Имомзода Н.Х. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ санаи 1 хх соли 2023 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба
Б.Б.Б, санаи таваллудаш 1-уми ххххх, зодаи ноҳияи Айнӣ, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, оиладор, муваққатан бекор, ҷои истиқоматаш ноҳияи Айнӣ, Ҷамоати деҳоти У, деҳаи У.
бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро моҳиятан дар мурофиаи судии маъмурӣ баррасӣ намуда,-
м у а й я н к а р д:
Ҳуқуқвайронкунанда Б.Б.Б. санаи хх декабри соли 20хх тахминан соати 14:00 дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар деҳаи У. маъракаи рӯйбинонро бо иштироки зиёда аз 30 нафар хешовандон ва ҳамсоягон баргузор намуда, талаботи моддаҳои 10 ва 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дағалона вайрон намудааст, ки бо ин ҳаракатҳои худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.
Ҳуқуқвайронкунанда Б.Б.Б. дар маҷлиси судӣ аз кардааш сидқан пушаймон шуда, баёнот дод, ки ӯ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя накардааст. Ӯ санаи 20 декабри соли 2022 соати 14:00 дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан маъракаи рӯйбинони ҳамсари фарзандашро бо иштироки зиёда аз 30 нафар хешовандон ва ҳамсоягон баргузор намудааст. Ӯ аз гуноҳи кардааш сидқан пушаймон буда, ваъда дод, ки минбаъд ба чунин қонунвайронкунӣ роҳ намедиҳад. Бинобар он, аз суд хоҳиш кард, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Кирдори ҳуқуқвайронкунанда Б.Б.Б., бо қарор дар бораи оғоз кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, баёноти ҳуқуқвайронкунанда, санад оиди ҳолати иҷроиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар маводи парванда тасдиқу исботи худро меёбад.
Судя ҳаракатҳои ҳуқуқвайронкунанда Б.Б.Б-ро бо қисми 1 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим пешбинӣ менамояд, банду баст менамояд, зеро ӯ рӯйбинони ҳамсари фарзандашро берун аз доираи оила ҷашн гирифтааст.
Ҳангоми таъини ҷазо судя нисбати ҳуқуқвайронкунанда Б.Б.Б., ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазои маъмурӣ ва шахсияти ӯро ба назар мегирад.
Тибқи моддаи 49 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати сабуккунандаи ҷавобгарии маъмури ин бори аввал содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад.
Мувофиқи моддаи 50 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ дар ҳаракатҳои Б.Б.Б. дида намешавад.
Санксияи қисми 1 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи яксаду даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ кардааст.
Судя бо дарназардошти ҳолатҳои болозикршуда, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда ва вазъи молу мулкии охирон, ба мақсад мувофиқ мешуморад, ки нисбат ба Б.Б.Б. дар доираи санксияи моддаи мазкур ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шавад.
Бо дастрасии моддаҳои 140, 141 – 142 – и КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси суд, —
Қ А Р О Р К А Р Д:
Б.Б.Б., бо қисми 1 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 110 (яксаду даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 7040 (ҳафт ҳазору чил) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад.
Аз хусуси қарори мазкур дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи ба ҳуқуқвайронкунанда супорида шудан ё нусхаи қарорро гирифтан, ба суди вилояти Суғд шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.

Раиси суд Маруфзода Н.Н