САДА ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН!

Сада ҷашни куҳани мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид. Ин рӯз мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи фарорасии Шаби Ялдо — дарозтарин шаби сол, ки оғози моҳи дайро ифода мекунад, ё худ баъди гузаштани чиллаи калони зимистон таҷлил мешавад. Ин ҷашнро Сада меноманд, зеро вожаи он аз шумораи сад бармеояд: аз 10-уми моҳи баҳман то фарорасии Наврӯз 50 шабу 50 рӯз, яъне ҷамъан сад рӯз боқӣ мемонад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд «Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму оинҳо ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».
Имрӯз эҳёи ҷашни Сада ҳамчун ҷузъи мероси фарҳангии ғайримоддии миллати тоҷик аҳамияти хосса дошта, дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи суннатҳои ниёгон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ифтихор аз таърих ва фарҳанги миллӣ нақши муҳимро мебозад.

28-январи соли 2026 бо мақсади амалисозии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-январи соли 2026, № АП-952, мутобиқ ба ҷадвали баргузории ҷашну солгардҳо, фестивалу намоишҳо, идҳо ва озмунҳои фарҳангиву маърифатӣ, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026, дар назди нишони давлатии ноҳияи Айнӣ ҷашни бостонии Сада бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии идона раиси ноҳия, раиси суди ноҳия Маруфзода Н.Н., роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқадори меҳнат ва намояндагони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.