Ҳукми суди ноҳияи Айнӣ бо моддаи 200-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Судшаванда М.С.С.. ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, даст ба ҷиноят ба муқобили барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан додан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор, ба микдори начандон калонро дар ҳолатҳои зерин содир кардааст.
М.С.С. моҳи октябри соли 2023 бо Ш ном шахсе, ки аз ҷониби тафтишоти пешакӣ шахсияташ муайян карда нашудааст, бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаи нашъадор ғайриқонунӣ як миқдор воситаи нашъадори навъи ҳашишро соҳиб гардида, дар наздикии манзили истиқоматиаш дар зери хок пинҳон кардааст.
Моҳи феврали соли 2024 ба кормандони ШҲТҶ ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ахбороти оперативӣ ворид гардидааст, ки М.С.С. дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба паҳн намудани воситаҳои нашъадори навъи «ҳашиш» машғул мебошад. Минбаъд, аз ҷониби кормандони ШҲТҶ ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ нақшаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯи таҳия карда шуда, ба амалиёти мазкур харидорӣ шартӣ бо номи шартии «Х» ҷалб карда шудааст. Санаи 28 феврали соли 2024 харидори шартӣ бо номи «Х» бо М.С.С. оид ба хариду фуруш ва дастрас намудани воистаҳои нашъадори навъи «ҳашиш» суҳбат кардааст, ки дар навбати худ М.С.С. ба таклифи шахси мусоидаткунанда розӣ шудааст. Баъдан, М.С.С. аз ҷойи пинҳоннамудааш, яъне зери хок як миқдор воситаи нашъадори навъи ҳашишро гирифта, бо мақсади ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додан санаи 9 марти соли 2024 тахминан соати 15-00 дар назди бозори «Зелённий» воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маводи нашъадори навъи «ҳашиш» — ро ба харидори шартӣ «Х» додааст. Дар навбати худ харидори шартӣ «Х» ба М.С.С. 4600 сомонӣ маблағи пулиро дода, аз рӯи уҳдадориҳояш воситаи нашъадори харидорӣ намудаашро оварда, ба кормандони милитсия супоридааст. Баъдан, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони ШВКД – и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе санаи 14 марти соли 2024 М.С.С. дастгир карда шудааст.
Судшаванда М.С.С. дар маҷлиси судӣ худро бо айби эълоншуда пурра айбдор ҳисобида, баён кард, ки ҳамаи нишондодҳои дар рафти тафтишоти пешакӣ додаашро ҷонибдорӣ менамояд. Ҳамзамон, судшаванда М.С.С. илова кард, ки бинобар бори аввал содир кардани ҷиноят, фарзандони ноболиғ доштанаш ва аз кардааш сидқан пушаймон будан нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Ба М.С.С бо моддаи 200 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати як сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шавад.
Раисикунанда: Маруфзода Н.Н.