Вохурии Раиси Суди ноҳияи Айнӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Айнӣ оид ба истифодаи самаранок ва оқилонаи неруи барқ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шарҳу тавзеҳи меъёрҳои қонунгузорӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо дар самти истифодаи неруи барқ.
Санаи 24 декабри соли 2025 Раиси суди ноҳияи Айнӣ Маруфзода Н.Н. бо ҳамроҳии судяи суди ноҳияи Айнӣ Азиззода Д., бо сокинони Ҷамоати деҳоти Айнӣ оид ба масъалаи истифодаи самаранок ва оқилонаи неруи қувваи барқ ҳамчун яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки неруи барқ неъмати муҳими давлатӣ буда, истифодаи дурусту сарфакоронаи он на танҳо ба таъмини устувори барқ мусоидат менамояд, балки ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат ва шаҳрвандон низ таъсири мусбат мерасонад. Раиси суд зимни баромади худ ба меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи қувваи барқ» инчунин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тартиби истифода, ҳисобу китоби неруи барқ ва масъулияти ҳуқуқии шаҳрвандон барои истифодаи ғайриқонунӣ ё исрофкоронаи он таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Зикр гардид, ки тибқи қонунгузори пайвастшавии худсарона ба шабакаҳои барқӣ, вайрон кардани пломбаҳо, истифодаи ҳисобкунакҳои ғайристандартӣ ва пардохт накардани маблағи қувваи барқ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ мегардад. Ҳамзамон ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд, ки риояи талаботи қонун, истифодаи асбобҳои каммасрафи барқӣ, хомуш намудани таҷҳизоти нолозим ва саривақт пардохт намудани маблағи неруи барқ омили асосии таъмини мунтазами барқ пешгирии маҳдудиятҳо ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар анҷоми вохурӣ гуфтугӯи самимона сурат гирифта, сокинон доир ба масъалаҳои вобаста ба ҳисобу китоб, ҷавобгарӣ барои қонуншиканиҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истеъмолкунандагони неруи барқ саволҳо пешниҳод намуданд. Раиси суди ноҳияи Айнӣ Маруфзода Н.Н. ва судяи суди ноҳияи Айнӣ Азиззода Д. ба ҳамаи саволҳои шаҳрвандон ҷавобҳои мушаххас, асоснок ва қонеъкунанда дода, онҳоро ба риояи қонун, ҳамкории фаъол бо мақомоти дахлдор ва муносибати масъулона нисбат ба истифодаи неруи барқ даъват намуданд.
Суди ноҳияи Айнӣ 
